logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2025-05-01 0

Фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар шаҳри Норак

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 30-уми апрели соли 2025 дар Кохи Фарҳанг ва майдони марказии шаҳри Норак бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид.
Дар маросими кушодашавии фестивал муовини раиси БМТ Гулбаҳор Назирӣ ва раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода доир ба ҳадафи баргузории чорабинӣ сухан ронда аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва дониши молиявӣ пайваста кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар ҳамоиш инчунин мутахассисони варзидаи БМТ, Агентии когазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ дар мавзуъҳои марбут ба саводнокии молиявӣ, аз ҷумла “Фарогирии молиявӣ дар Тоҷикистон”, “Инкишоф ва танзими бозори коғазҳои қиматнок дар Тоҷикистон”, “Нақши пули нақд дар иқтисодиёти муосир”, “Пешгирии амалҳои қаллобони молиявӣ”, “Моҳият ва бартариятҳои рақамикунонии пардохтҳо”, “Низоми суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар масъалаҳои низоми бонкӣ ва молия баромад намуда, доир ба таҷрибаи хеш дар ин самт изҳори назар карданд.
Барномаи фарҳангӣ бо ширкати ҳунармандони варзида ба қисмати дуюми фестивали “Саводнокии молиявӣ” шукӯҳи тоза бахшида, табъи иштирокдоронро болида намуд.
Маврид ба зикр аст, ки фестивалҳои саводнокии молиявӣ дар доираи татбиқи босамари Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 гузаронида шуда, мақсади онҳо васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявию суғуртавӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ тавассути гузаронидани чорабиниҳои ҷолиб ва ба ин васила ҳавасмандкунии аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ, шиносоӣ бо хизматрасониҳои молиявӣ, суғуртавӣ ва пешниҳоди хизматрасонӣ мебошад.

Шарҳ